Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад
Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ)
Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана
Эй Расули Аллоҳ, модари Саъд вафот кард, кадом садақа беҳтар аст? Ӯ гуфт: "Об". Гуфт: Ӯ чоҳе канд ва гуфт: Ин барои модари Саъд аст
Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст