عن جَرِيْر بنِ عبدِ الله رضي الله عنه قال:
كُنَّا عِنْدَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَنَظَرَ إِلَى الْقَمَرِ لَيْلَةً -يَعْنِي الْبَدْرَ- فَقَالَ: «إِنَّكُمْ سَتَرَوْنَ رَبَّكُمْ كَمَا تَرَوْنَ هَذَا الْقَمَرَ، لَا تُضَامُونَ فِي رُؤْيَتِهِ، فَإِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَنْ لَا تُغْلَبُوا عَلَى صَلَاةٍ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا فَافْعَلُوا» ثُمَّ قَرَأَ: «{وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ الْغُرُوبِ}»
المزيد
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Мо назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем, он Ҳазрат ба сӯйи моҳ (и пурра) нигарист ва гуфт: "Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед. Пас агар тавонистед намози пеш аз тулуи офтоб ва намози қабл аз ғуруби офтобро бо комилтарин шакл бигузоред". Сипас ин оятро хонданд: "Ва Парвардигоратро пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби офтоб ба ҳамду ситоиш тасбеҳ бигӯ."