1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Сират ва таърих

Ҳадис Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем

عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ:
كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَشَدَّ حَيَاءً مِنَ العَذْرَاءِ فِي خِدْرِهَا، فَإِذَا رَأَى شَيْئًا يَكْرَهُهُ عَرَفْنَاهُ فِي وَجْهِهِ.

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 6102

Шарҳ

Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст ва бо мардон муоширате надошта ва дар хонааш аз чашмҳо пинҳон аст, боҳаётар буд. Аз шиддати ҳаёе, ки доштанд, агар чизеро намеписандиданд, аз рӯяшон маълум мешуд, рӯяшон тағйир меёфт, вале чизе намегуфтанд, балки асҳобашон аз чеҳраи муборакашон мефаҳмиданд, ки он чиз ба эшон писанд нест.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ин ки ҳаё ахлоқи олӣ ва бузург аст.
  2. Ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) то ҳадде буд, ки ҳудудҳои Аллоҳ Таъоло поймол намешуданд, аммо дар ҳолати поймол шудани ҳудудҳои Аллоҳ Таъоло сахт хашмгин мешуданд ва асҳобашро амр ва наҳй мекарданд.
  3. Таъкид бар ахлоқи ҳаё, зеро он инсонро ба анҷоми корҳои нек тарғиб мекунад ва аз зиштиҳо бозмедорад.

Намоиши тарҷумаҳо

53 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية