1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لاَ عَدْوَى وَلاَ طِيَرَةَ، وَلاَ هَامَةَ وَلاَ صَفَرَ، وَفِرَّ مِنَ المَجْذُومِ كَمَا تَفِرُّ مِنَ الأَسَدِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 5707

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бархе аз умури замони ҷоҳилиятро барои огоҳӣ аз он баён карданд. Ва барои баёни он ки ҳама чиз ба дасти Аллоҳ аст ва чизе рух намедиҳад магар ба амр ва тақдири илоҳӣ. Он корҳо инҳоянд:
Аввал: Мардуми замони пеш аз Ислом эътиқод доштанд, ки беморӣ худ ба худ сирояткунанда аст. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин бовар, ки интиқоли беморӣ аз як бемор ба бемори дигар бинобар табъи он беморӣ рух медиҳад, манъ намуданд. Зеро Аллоҳ Таъоло аст, ки дар ҳастӣ тасарруф мекунад ва Ӯ аст, ки бемориро ба вуҷуд меорад ва онро аз байн мебарад ва ин кор ҷуз ба ирода ва ихтиёри Ӯ рух намедиҳад.
Дуввум: Мардуми замони пеш аз Ислом агар барои сафар ё тиҷорат берун мешуданд, парандаеро ба парвоз медоданд, агар ба тарафи рост парвоз мекард, онро башорат ва хушӣ медонистанд. Ва агар ба тарафи чап парвоз мекард, онро шум ва бадӣ мепиндоштанд ва аз сафар ё тиҷорат бармегаштанд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фоли бад гирифтан бо парандаро манъ кард ва баён намуд, ки ин эътиқоди ботил аст.
Сеюм: Мардуми пеш аз Ислом мегуфтанд: Агар мурғи бум ба хонае фуруд ояд, ба сари аҳли он хона офате ё мусибате рӯй хоҳад дод. Бинобар ин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз шум донистани бум манъ карданд.
Чаҳорум: Дар бораи моҳи сафар, ки моҳи дуюми солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ аст, бадбинӣ кардан ҳаром аст. Мегуфтанд, ки моҳи сафар море аст дар меъда, ки ба чорво ва одамон сироят мекунад. Гумон мекарданд, ки сахттар аз бемории ҷараб (як навъ бемории пӯст маъруф ба хоришак) аст. Он ҳазрат ин эътиқодро низ рад карданд.
Панҷум: Дурӣ ҷустан аз шахсе, ки гирифтори махав аст, чунон ки аз шер мегурезад ва ин аз рӯйи эҳтиёт барои ҳифзи ҷон ва талаби саломатӣ ва анҷоми асбобе аст, ки Аллоҳ ба он амр кардааст. Ҷузом (махав) навъи беморие аст, ки боиси резиши аъзои бадан мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таваккал ба Аллоҳ ва эътимод ба Ӯ ва анҷом додани сабабҳои машруъ воҷиб аст.
  2. Имон ба қазо ва қадари илоҳӣ ва ин ки асбоб ба дасти Аллоҳ аст ва Ӯ аст, ки онро ҷорӣ месозад ё таъсири онро бекор мекунад, воҷиб аст.
  3. Ботил будани корҳое, ки баъзе аз мардум анҷом медиҳанд, аз ҷумла: шум донистани баъзе аз рангҳо, монанди сиёҳ ва сурх, ё баъзе аз ададҳо, ё номҳо, ё шахсҳо ва ё касоне, ки дучори маълулият ва беморӣ ҳастанд.
  4. Наҳй аз наздик шудан ба шахси мубталои махав ва ҳамчунин ба одамони гирифтори бемориҳои сирояткунанда аз ҷумлаи сабабҳоест, ки одатан Худованд онҳоро василаи расидан ба натиҷаи муайян қарор додааст. Аммо сабабҳо худ аз худ таъсиргузор нестанд. Балки Худованд аст, ки агар бихоҳад, қувваи таъсиргузории онҳоро мегирад ва дигар ҳеҷ таъсире намекунанд; ва агар бихоҳад, он қувваро боқӣ мегузорад ва сабабҳо таъсир мекунанд.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية