1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд

عَنْ زَيْدِ بْنِ خَالِدٍ الجُهَنِيِّ رضي الله عنه أَنَّهُ قَالَ:
صَلَّى لَنَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ صَلَاةَ الصُّبْحِ بِالْحُدَيْبِيَةِ عَلَى إِثْرِ سَمَاءٍ كَانَتْ مِنَ اللَّيْلَةِ، فَلَمَّا انْصَرَفَ أَقْبَلَ عَلَى النَّاسِ، فَقَالَ: «هَلْ تَدْرُونَ مَاذَا قَالَ رَبُّكُمْ؟» قَالُوا: اللهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ، قَالَ: «أَصْبَحَ مِنْ عِبَادِي مُؤْمِنٌ بِي وَكَافِرٌ، فَأَمَّا مَنْ قَالَ: مُطِرْنَا بِفَضْلِ اللهِ وَرَحْمَتِهِ، فَذَلِكَ مُؤْمِنٌ بِي وَكَافِرٌ بِالْكَوْكَبِ، وَأَمَّا مَنْ قَالَ: بِنَوْءِ كَذَا وَكَذَا، فَذَلِكَ كَافِرٌ بِي وَمُؤْمِنٌ بِالْكَوْكَبِ».

Аз Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 846

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро дар Ҳудайбия - қаряе наздик ба Макка - пас аз шаби боронӣ, гузошт ва пас аз адои намоз рӯй ба мардум овард ва гуфт: оё медонед Парвардигори бузурги шумо чи мегӯяд? Гуфтанд: Худованд ва расулаш беҳтар медонанд. Паёмбар фармудаанд: Худованд баён медорад, ки мардум ҳангоми боридани борон бар ду даста тақсим мешаванд: дастаи аввал касоне ки ба Худованд имон доранд, ва дастаи дуввум касоне ки ба Худованд кофир шудаанд. Ҳар касе бигӯяд: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ва боридани боронро ба Худованд нисбат диҳад ӯ ба Худованди Офаридагори ҳастӣ имон овардааст ва сабабро дар ситорагон надидааст. Аммо касе бигӯяд: ба сабаби ин ё он ситора борон боридааст, пас ӯ ба Аллоҳ кофир ва бар ситорагон имон овардааст, ва ҳадаф аз куфр инҷо куфри асғар аст, зеро боридани боронро ба ситорагон нисбат додааст, дар ҳоле, ки Худованд онро сабаби шаръӣ ва ё қадарӣ қарор надодааст. Аммо касе бар ин бовар бошад, ки боридани борон ва дигар ҳаводиси табиъӣ марбут ба ҳаракати сайёраҳост ва ҳаракати онҳоро дар ин ҳаводис омили асосӣ бидонад пас ӯ куфр (куфри акбар) варзидааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Пас аз боридани борон гуфтани "Ба фазл ва раҳмати Худованд барои мо борон борид" мустаҳаб аст.
  2. Ҳар касе неъмати боридани боронро ба ситораҳо, аз рӯи офариниш ва эҷод, нисбат диҳад, пас ӯ куфри акбар варзидааст (куфри акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад). Аммо агар касе сабаби боридани боронро дар ситораҳо бинад, пас ӯ куфри асғар варзидааст (Куфри асғар инсонро аз дин хориҷ намекунад), зеро инҷо на сабаби шаръӣ вуҷӯд дорад ва на сабаби ҳиссӣ.
  3. Неъмат дар ҳоли куфрони он сабаби куфр ва дар ҳоли шукр бар он сабаби имондорӣ мегардад.
  4. Гуфтани: "Ба сабаби ин ё он ситора борон борид" наҳй шудааст, агарчи мақсад аз он вақт ва замон дар назар бошад, чун ин худ як василаи дур шудан аз ширк аст.
  5. Дили инсон барои ба даст овардани неъматҳо ва дур кардани балоҳо бояд ба Худованд вобаста бошад. (На бар чизи дигаре аз офариниш, монанди ситора, табиат,осмон ва замин)

Намоиши тарҷумаҳо

69 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
YAO Yao الياو
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو