1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Мо дар замоне ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёнамон буд, закоти фитр мебаровардем. Онро аз ҳар хурду бузург, озод ё ғулом, як соъ аз хӯрок, ё як соъ аз қатиқ (қурут), ё як соъ аз ҷав, ё як соъ аз хурмо, ё як соъ аз мавиз

عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ:
كُنَّا نُخْرِجُ إِذْ كَانَ فِينَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ زَكَاةَ الْفِطْرِ، عَنْ كُلِّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ، حُرٍّ أَوْ مَمْلُوكٍ، صَاعًا مِنْ طَعَامٍ، أَوْ صَاعًا مِنْ أَقِطٍ، أَوْ صَاعًا مِنْ شَعِيرٍ، أَوْ صَاعًا مِنْ تَمْرٍ، أَوْ صَاعًا مِنْ زَبِيبٍ، فَلَمْ نَزَلْ نُخْرِجُهُ حَتَّى قَدِمَ عَلَيْنَا مُعَاوِيَةُ بْنُ أَبِي سُفْيَانَ رضي الله عنه حَاجًّا، أَوْ مُعْتَمِرًا فَكَلَّمَ النَّاسَ عَلَى الْمِنْبَرِ، فَكَانَ فِيمَا كَلَّمَ بِهِ النَّاسَ أَنْ قَالَ: إِنِّي أَرَى أَنَّ مُدَّيْنِ مِنْ سَمْرَاءِ الشَّامِ، تَعْدِلُ صَاعًا مِنْ تَمْرٍ، فَأَخَذَ النَّاسُ بِذَلِكَ، قَالَ أَبُو سَعِيدٍ: فَأَمَّا أَنَا فَلَا أَزَالُ أُخْرِجُهُ كَمَا كُنْتُ أُخْرِجُهُ، أَبَدًا مَا عِشْتُ.

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Мо дар замоне ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёнамон буд, закоти фитр мебаровардем. Онро аз ҳар хурду бузург, озод ё ғулом, як соъ аз хӯрок, ё як соъ аз қатиқ (қурут), ё як соъ аз ҷав, ё як соъ аз хурмо, ё як соъ аз мавиз медодем. Мо ҳамеша онро ҳамин тавр мебаровардем, то ин ки Муовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) ба назди мо омад — барои ҳаҷ ё умра — ва бар минбар бо мардум сухан гуфт. Аз ҷумлаи суханонаш ин буд, ки гуфт: Ман чунин мебинам, ки ду муд аз гандуми Шом баробари як соъ аз хурмо аст. Пас мардум ба ин амал карданд. Абусаъид гуфт: Аммо ман то даме ки зиндаам, ҳамеша онро ҳамон тавре мебарорам, ки қаблан мебаровардем.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 985

Шарҳ

Мусалмонон дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва баъд аз он дар замони хулафои рошидин закоти фитрро аз хурду бузург миқдори як соъ аз таъом мебароварданд. Хӯроки онҳо ҷав, мавиз (ангури хушк), қатиқи хушкшуда (қурут) ва хурмо буд. Миқдори як соъ чаҳор муд аст ва як муд баробар аст ба пурии ду кафи дастони марди миёнаҳаҷм. Вақте ки Муовия (разияллоҳу анҳу) ҳамчун халифа ба Мадина омад ва гандуми шоми бештар шуд, ӯ дар минбар гуфт: Ба назари ман ду муд аз гандуми Шом (ним соъ) баробар ба як соъ хурмо аст. Мардум ба ин амал карданд. Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Аммо ман то даме ки зиндаам ҳамеша онро ҳамон тавре мебарорам, ки дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебаровардем.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни миқдори закоти фитр дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як соъ хӯрок буд, ҳарчанд навъ ва арзишаш фарқ кунад.
  2. Ҳар намуди хӯрок, ки барои инсон бошад дар закоти фитр кифоят мекунад, аммо чаҳор намуд, ки махсус номбар шуданд, зеро онҳо хӯроки мардум дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданд.
  3. Баровардани пул ва дигар чизҳои ғайрихӯрокӣ барои закоти фитр, закоти фитр маҳсуб намешавад.
  4. Нававӣ дар шарҳи Саҳеҳ Муслим гуфтааст: Ҳаргоҳ саҳобагон ихтилофи назар дошта бошанд, гуфтаи яке аз онҳо бар дигарӣ авлавият надорад. Дар ин ҳолат ба далели дигар руҷуъ мекунем. Мебинем, ки зоҳири ҳадисҳо ва қиёс бар шарт будани як соъ аз гандум монанди дигар хӯрокиҳо муттафиқ ҳастанд, бинобар ин бояд ба он амал кард.
  5. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Дар ҳадиси Абусаъид (намунае) аз пайравии шадид ва чанг задани ӯ ба осор (ривоятҳо) ва рӯйгардонӣ аз иҷтиҳод дар ҳоли вуҷуди нас, дида мешавад. Дар амали Муовия ва розигии мардум ба ӯ далолат бар ҷоиз будани иҷтиҳод мекунад, аммо дар ҳолати вуҷуди нас (чунин) иҷтиҳод беэътибор шумурда мешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

48 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية