1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Мо бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ кардем, сипас ӯ барои намоз бархостанд. Ман гуфтам: Байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар фосила буд? Фармуд: Ба андозаи хондани панҷоҳ оят

عَنْ زَيْدِ بْنِ ثَابِتٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ:
تَسَحَّرْنَا مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، ثُمَّ قَامَ إِلَى الصَّلاةِ، قُلْتُ: كَمْ كَانَ بَيْنَ الأَذَانِ وَالسَّحُورِ؟ قَالَ: قَدْرُ خَمْسِينَ آيَةً.

Аз Зайд ибни Собит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Мо бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ кардем, сипас ӯ барои намоз бархостанд. Ман гуфтам: Байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар фосила буд? Фармуд: Ба андозаи хондани панҷоҳ оят.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1921

Шарҳ

Баъзе аз саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳарихурӣ карданд, баъд аз он Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои намози бомдод бархостанд. Анс ба Зайд ибни Собит (разияллоҳу анҳу) гуфт: Миқдори вақт байни азон ва поёни саҳарихурӣ чӣ қадар буд? Зайд (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ба андозаи хондани панҷоҳ ояти миёна, на дароз, на кӯтоҳ, на хондани бошитоб ва на оҳиста.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Бартарии ба таъхир андохтани саҳарихурӣ то каме пеш аз бомдод, зеро ҳаргоҳ онро ба таъхир андозад фоидаи он ба баданаш ва манфиати он дар давоми рӯз барояш бештар хоҳад буд.
  2. Таваҷҷуҳи саҳобагон ба ҳамнишини бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), то аз он ҳазрат таълим бигиранд.
  3. Хушрафтории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо саҳобагонаш, аз онҷо ки бо онон якҷо таом мехӯрданд.
  4. Вақти даст кашидан аз хӯрдану ошомидан аз шуруи тулуӣ фаҷр аст.
  5. Ибораи "фосила байни азон ва саҳарихурӣ чӣ қадар буд", маънояш, фосила байни саҳарихурӣ ва иқомати намоз аст. Чун дар ҳадиси дигар омадааст: "Миёни фориғ шудан аз саҳарихурӣ ва ворид шудан ба намозашон чи қадар буд?". Ва ҳадисҳо якдигарро тафсир мекунанд.
  6. Муҳаллаб гуфтааст: Дар ин ҷо андозагирии вақт бо корҳои ҷисмонӣ шудааст. Арабҳо вақтҳоро бо корҳои амалӣ тахмин мезаданд, масалан: «ба андозаи шир дӯшидани як гусфанд» ё «ба андозаи куштани як шутур». Зайд ибни Собит (разияллоҳу анҳу) инро ба андозагирии хондан иваз кард; ин ишора ба он аст, ки он вақт вақти ибодат бо қироат буд, ва агар онҳо вақтро бо кори дигар ҳисоб мекарданд, масалан, «ба андозаи як дараҷа ё сеяк ё панҷяки як соат» меномиданд.
  7. Ибни Абуҷамра гуфтааст: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он чи ки барои умматаш осонтар буд анҷом медод, зеро агар ӯ саҳарихурӣ намекард, мардум аз ӯ пайравӣ мекарданд ва барои баъзе аз онҳо душвор мешуд. Агар ӯ дар нимашаб суҳур мекард, инчунин барои баъзеҳо душвор мешуд, зеро хоб бар онҳо ғалаба мекард ва шояд сабаби тарки намози бомдод мешуд, ё ниёз ба ин мешуд, ки ба сахтӣ бедор бимонад, то намози бомдодро қазо накунад.

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية