1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Мардум ҳамеша дар хайр боқӣ мемонанд, то вақте ки дар ифтор кардан шитоб кунанд

عَنْ سَهْلِ بْنِ سَعْدٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لَا يَزَالُ النَّاسُ بِخَيْرٍ مَا عَجَّلُوا الْفِطْرَ».

Аз Саҳл ибни Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мардум ҳамеша дар хайр боқӣ мемонанд, то вақте ки дар ифтор кардан шитоб кунанд."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1098

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки мардум ҳамеша дар хайр мемонанд, то даме ки пас аз бовар ҳосил кардан аз ғуруби офтоб дар рӯза ифторро зуд анҷом медиҳанд ва ин аз рӯйи пайравӣ ба суннат ва риояи ҳадди он мебошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Нававӣ гуфтааст: Дар ин ҳадис ташвиқ ба зуд ифтор кардан пас аз мутмаин шудан аз ғуруби офтоб аст. Маънояш ин аст, ки кори уммати исломӣ ҳамвора муназзам ва онҳо дар хайр мемонанд, то вақте ки ин суннатро нигоҳ доранд ва агар ифторро дер кунанд, ин нишонаи фасодест, ки дар он воқеъ хоҳанд шуд.
  2. Бо сабаби пайравӣ аз суннат, хайр дар байни мардум боқӣ мемонад ва фасоди корҳо ба дигаргун сохтани суннат вобаста аст.
  3. Мухолифат бо аҳли китоб ва аҳли бидъат, зеро онҳо ифторро дер анҷом медиҳанд.
  4. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Дар ин ҳадис баёни сабаби он низ ҳаст. Муҳаллаб гуфт: ҳикмат дар ин аст, ки аз шаб ба рӯз чизе илова нашавад. Инчунин барои рӯзадор осонтар аст ва ӯро барои ибодат неру мебахшад. Уламо иттифоқи назар доранд, ки ҷойи ин ҳукм он вақт аст, ки ғуруби офтоб бо дидан ё бо хабар додани ду шахси одил собит гардад. Ва ҳамчунин бинобар назари роҷиҳ, бо хабар додани як шахси одил собит гардад.
  5. Ибни Ҳаҷар ҳушдор дода, мегӯяд: Аз бидъатҳои нописанд, ки дар ин замон падид омадааст ин аст, ки дар моҳи Рамазон тақрибан бист дақиқа пеш аз субҳ азони дуюм гуфта мешавад, ҳамчунин хомӯш кардани чароғҳое, ки нишонаи ҳаром шудани хӯрдану нӯшидан барои касе, ки мехоҳад рӯза бигирад. Ин кор аз ҷониби падидоварандааш ба гумони эҳтиёт дар ибодат сурат мегирад, дар ҳоле ки инро ҷуз адади андаке аз мардум намедонанд. Ин амал онҳоро ба ҷое расонд, ки дигар азон намегӯянд магар муддате баъд аз ғуруби офтоб, ба ин гумон, ки даромадани вақтро яқин кунанд. Пас бо ин корашон ифторро дер карданд ва саҳархуриро барвақт анҷом доданд ва бо суннат мухолифат карданд. Ба ҳамин сабаб хайр дар байни онҳо кам шуд ва шар зиёд гашт. Худованд ёридиҳанда аст.

Намоиши тарҷумаҳо

48 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية