1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بنِ مَسْعُودٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَيْسَ مِنَّا مَنْ لَطَمَ الخُدُودَ، وَشَقَّ الجُيُوبَ، وَدَعَا بِدَعْوَى الجَاهِلِيَّةِ».

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1294

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба баъзе амалҳои аҳли ҷоҳилият манъ ва ҳушдор дод ва фармуд: Инҳо аз мо нестанд (касоне, ки):
Аввал: Касе, ки рухсораҳояшро бизанад, махсусан рӯйро зикр кард, зеро бештар бар рӯй мезананд, аммо зарбу лат дар дигар қисмҳои рӯй ҳам манъ аст.
Дуюм: Чок кардани гиребони либос, барои ин ки аз шиддати мусибат сари худро дар он дохил намояд.
Сеюм: Касе, ки дуъоҳои аҳли ҷоҳилиятро ба забон орад, мисли дуъои вовайло, ҳалокат, табоҳӣ ва навҳасароӣ.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин таҳдиди дар ҳадис омада далолат мекунад, ки ин амалҳо аз гуноҳони кабира ҳастанд.
  2. Сабр кардан бар мусибат воҷиб аст. Норозигӣ аз муқаддароти дардноки илоҳӣ ҳаром аст. Изҳори ин норозиги бо навҳагарӣ, тавсифи мурда, тарошидан, гиребон чок кардан ва ғайра мебошад.
  3. Пайравӣ кардан аз одатҳои ҷоҳилият, ки шариат онҳоро тасдиқ накардааст ҳаром аст.
  4. Ғамгинӣ ва гиря кардан ишколе надорад, зеро он бо сабр бар қазои илоҳӣ зид нест, балки он раҳматест, ки Худованд дар дилҳои наздикон ва дӯстдорони шахс қарор додааст.
  5. Мусалмон бояд ба қазои илоҳӣ розӣ бошад, агар розӣ набошад, сабр кардан барояш воҷиб аст.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية