Халил ва дӯсти ман, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро ба се чиз тавсия доданд: Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ, хондани ду ракъат намози зуҳо, хондани витр пеш аз хоб
Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад
“Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)
Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад
Албатта, Аллоҳ Таъоло аз уммати ман дар бораи он чи дар дилҳои худ бо худ мегӯянд, гузашт кардааст, то вақте ки ба он амал накунанд ё онро ба забон наёваранд
Аллоҳ ба ғайрат (рашк) меояд ва муъмин ба ғайрат меояд. Ва ғайрати Аллоҳ он аст, ки муъмин кореро, ки бар ӯ ҳаром шудааст, анҷом медиҳад
Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ
Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад
Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад
Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд
Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ
Ҳар масткунандае май аст ва ҳар масткунанда ҳаром аст ва ҳар кас дар дунё май нӯшад ва дар ҳоли гирифтории он бимирад ва тавба накарда бошад, дар охират онро наменӯшад
Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед
Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд
Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се рӯз бо бародари мусулмонаш қаҳрӣ бимонад, вақте бо ҳам вомехуранд аз ҳамдигар рӯй мегардонанд ва беҳтарини онҳо ҳамон аст, ки бо салом гуфтан оғоз мекунад
Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам
Ҳар ки тавоноӣ дорад издивоҷ кунад, зеро ин сабаби муҳофизати чашм ва шармгоҳ мешавад. Ва касе, ки тавоноӣ надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро заиф ва идора мекунад
Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед
Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кунӣ, ба рӯй назанӣ, ба ӯ дашном надиҳӣ ва таҳқир накунӣ, ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ накунӣ (қаҳр накунӣ)
Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам." Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, ба чӣ сабаб? Фармуд: "Шумо бисёр лаънат мекунед ва (некиҳои) ҳамсарро носипосӣ менамоед. Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад
Аз даромадан ба назди занони бегона (бе маҳрам) бипарҳезед". Марде аз Ансор гуфт: Дар бораи "Ҳамв" (мардон аз хешони шавҳар) чӣ мефармоед? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Гуфт: "Ҳамв марг аст", (яъне, фитнаи хешовандони шавҳар бештар ва монанди марг аст)
Ҳар зане, ки бе иҷозати валӣ (сарпарастонаш) никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст - се бор инро такрор карданд. Агар шавҳар бо ӯ ҳамбистар шавад, маҳр ба сабаби он чи аз ӯ баҳра бурдааст, барои зан муқаррар мегардад. Ва агар миёни онҳо ихтилоф ба вуҷуд ояд, пас ҳоким (султон) валии касест, ки валӣ надорад
Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд
Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳони ва нохоста пурсидам, ӯ маро фармуд, ки нигоҳамро баргардонам
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду қӯчқори сафеду сиёҳи шохдорро қурбонӣ кард. Он ду қӯчқорро бо дасти худ забҳ намуд. Бисмиллоҳ ва Аллоҳу акбар гуфта, пояшро бар як тарафи гардани онҳо гузошт
Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо
Қалам (навиштани амалҳои онон ба воситаи фариштагон) аз се нафар бардошта шудааст: Аз хоб, то ин ки бедор шавад, аз кӯдак, то ин ки ба балоғат бирасад, аз девона, то ин ки ақлаш баргардад
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд
Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар ҳамаи корҳояш
Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст
На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад
Мисоли ҳамнишини некӯ ва ҳамнишини бад монанди касе аст, ки мушк ҳамроҳи худ дорад ва касе, ки дар кӯра медамад
Нерӯманд касе нест, ки ҳарифро бар замин мезанад, балки нерӯманд касест, ки ҳангоми ғазаб худро идора мекунад
Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад
Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад
Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад
Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад
Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад
Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад
То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед
марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ
Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо амалаш наҷот намеёбад." Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто шумо ҳам? Фармуд: "Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо раҳмат ва фазли хеш фаро гирад
Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард
Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад
Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст
Дар ҳақиқат дин осон аст ва ҳар кас онро бар худ сахт бигирад, саранҷом хаста ва дармонда мешавад ва дин бар ӯ ғалаба мекунад. Пас роҳи рост, дуруст ва миёнаро дар пеш бигиред
Ҳар гоҳ яке аз шумо таом бихӯрад, бо дасти росташ бихӯрад ва агар нӯшид бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад
Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр
Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад
Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт: Наметавонам, Эшон фармуданд: "Ҳаргиз натавонӣ
Ҳар касе сир ё пиёз бихӯрад, бояд аз мо канорагирӣ кунад, ё фармуд: аз масҷиди мо дур шавад ва дар хонааш биншинад
Ҳар касе, ки таом бихӯрад ва баъд аз он бигӯяд: "Алҳамду лиллаҳиллазӣ атъаманӣ ҳоза ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ." Тарҷума: "Ситоиш махсуси Аллоҳ аст, ки ин таомро ба ман дод ва онро бе нерӯ ва тавоноии ман ба ман рӯзӣ гардонд.", гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ атса мезад, даст ё либосашро болои даҳонаш мегузошт ва бо он садои худро паст мекард
Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад
Ҳеҷ ранҷ, беморӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, озор ва ғаму андуҳе ба мусалмон намерасад ва ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло баъзе аз гуноҳонашро ба сабаби он мебахшад
Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад
Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин
Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод
даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд
Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ
Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?
Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст
Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст
Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро зиёд мегуфтанд: "Ё Муқаллибал-қулуб, саббит қалбӣ ъало диника
Эй Аллоҳ! Аз Ту тамоми хубиҳоро хоҳонам, хубиҳои зудҳангом ва ояндаро ва хубиҳоеро, ки медонам ва ё намедонам. Ва аз тамоми бадӣ ба Ту паноҳ мебарам, бадиҳои зудҳангом ва ояндаро ва бадиҳоеро, ки медонам ва намедонам
Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад
Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад
пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!
Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед
Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё, Парвардигори мо! Ба мо дар дунё ва дар охират некӣ ато кун. Ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ)
Оё шуморо аз беҳтарин амалҳоятон, поктарин дар назди подшоҳи шумо (Аллоҳи Мутаъол), таъсирноктарин амалатон дар боло бурдани мартабаатон, огоҳ насозам
Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)
Эй Аллоҳ! Бо кумаки Ту ба субҳ расидем ва бо кумаки Ту ба шом расидем ва бо кумаки Ту зинда мешавем ва бо кумаки Ту мемирем ва ба сӯи Ту аст растохез
Ҳар касе (шаб) се бор бигӯяд: "Бисмиллоҳиллазӣ ло язурру маъасмиҳи шайъун фил-арзӣ ва ла фис-самаӣ, ва ҳувас-самииъул-ъалим." Тарҷума: "Ба номи Худое, ки бо номи Ӯ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ Шунаво ва Доно аст", то субҳ ҳеҷ балои ногаҳоние ба ӯ намерасад
Ё Аллоҳ! ман ба розигии Ту аз ғазаби Ту паноҳ меҷӯям, ба беҳбудии Ту аз ҷазои Ту паноҳ меҷӯям, аз Ту ба Ту паноҳ мебарам, тавону ёрои онро надорам, ки ба ҳамду санои Ту (чунон ки шоистаи Туст) бипардозам, Ту тавре ҳастӣ, ки худатро ситоиш намудаӣ
Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ
Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ало кулли шайъин қадир
Ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд, гуноҳонаш омӯрзида мешавад, агарчи ба андозаи кафки дарё бошад
Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро
Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад
Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид
Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам
Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред
Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад
Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?
Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст
Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана
Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад
Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад
Қиёмат барпо намешавад, то онки шумо бо яҳудиён меҷангед, ҳатто санге, ки яҳудӣ пушти он пинҳон шудааст мегӯяд: эй мусалмон! Ин яҳудӣ аст пушти ман пинҳон шудааст, ӯро бикуш
Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд
Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд
Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст
Аҳли китобро на тасдиқ кунед ва на такзиб, балки бигӯед: (Имон овардем ба Аллоҳ ва ба ончи бар мо нозил шудааст)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷудоӣ миёни сураҳоро намедонист магар дар ҳоле, ки (Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим) нозил мешуд
Касе, ки Қуръонро ошкор мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва касе, ки Қуръонро пинҳон мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад
Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"?
Ҳар кӣ ба касе зиён бирасонад, Аллоҳ бар ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ сахтгир бошад, Аллоҳ бар ӯ сахтгир аст
Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад
Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст
Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо
Ҳар касе назди шумо омад, дар ҳоле ки шумо бар (итоати) як мард ҷамъ шуда иттифоқ кардаед ва хост то дар байни шумо тафриқа андозад ё ҷамоати шуморо аз ҳам ҷудо созад, ӯро бикушед
Дар охири умматам мардуме хоҳанд, буд, ки барои шумо суханҳое мегӯянд, ки шумо ва падаронатон нашунидаед, пас аз онон дур бошед
Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам
Дар ҳақиқат, бадтарини мардумон касоне ҳастанд, ки қиёмат дар зинда буданашон фаро мерасад ва касоне, ки қабрҳоро масҷид ва ибодатгоҳ мегиранд
Қиёмат қоим нахоҳад шуд, то ин ки марде аз канори қабри марди дигаре бигзарад ва бигӯяд: Эй кош, ман дар ҷои ӯ мебудам
ва ба ӯ гуфтем: Ту сайид (сарвар)-и моӣ. Ӯ дар ҷавоб гуфт: " Сайид Аллоҳ аст". Гуфтем: Беҳтарини мо аз рӯи фазлу шараф ва бартарӣ ҳастӣ ва бахшандатарин ва волотарини мо ҳастӣ. Пас фармуд:" Сухани худро ё баъзе аз сухани худро бигӯед ва шайтон шуморо дар роҳи ботил накашонад (васваса накунад)
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад
Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба: Гувоҳӣ додан, ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз, закот додан, шунидану итоат кардан, хайрхоҳӣ ва насиҳат барои ҳар мусалмон, байъат кардам
Тақвои Парвардигоратонро пеша созед, намозҳои панҷгонаи худро бихонед, моҳи Рамазонро рӯза гиред, закоти молҳоятонро бипардозед ва аз валӣ амри худ итоат кунед, то ба биҳишти Парвардигоратон ворид шавед
Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик намесозӣ, намозҳои фарзро анҷом медиҳӣ, закоти фарзшударо мепардозӣ ва моҳи Рамазонро рӯза мегирӣ
Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва чизеро паст гуфт нафаҳмидем - ва аз мардум чизе напурсед