(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад
Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем?
марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи чизе бо ӯ гуфтугӯ кард. Пас гуфт: Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё манро бо Аллоҳ баробар қарор додӣ? Бигӯ: Танҳо он чи Аллоҳ бихоҳад
Бигӯ: Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, Аллоҳу акбару кабиран вал-ҳамдулиллоҳи касиран ва субҳоналлоҳи раббилъоламина ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъазизил-ҳаким
Мисоли муъмине, ки Қуръонро мехонад, мисли турунҷ (Cytron) аст, бӯйи хуш дорад ва таъмаш ҳам хуш аст. Ва мисоли муъмине, ки Қуръон намехонад, монанди хурмо аст, ки бӯй надорад ва таъмаш хуш аст
Азкоре, ки баъди ҳар намози фарз аст, гӯяндааш - ё анҷом диҳандааш- баъд аз ҳар намоз, пушаймон намегардад: сию се бор тасбеҳ гуфтан, сию се бор ҳамд гуфтан ва сию чаҳор бор такбир гуфтан аст
Фарзанди одам манро такзиб кард, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Ва манро дашном дод, дар ҳоле ки набояд чунин мекард
Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаанд ва аз роҳи дуруст мунҳариф шудаанд ва дигаронро низ ба инҳироф ва фитна мекашонанд
Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад
Эй Расули Аллоҳ! Мо ҷиҳодро беҳтарин амал медонем, оё ҷиҳод накунем? Фармуд: "На, вале беҳтарин ҷиҳод ҳаҷҷи пазируфташуда аст
Аммо ман шуморо аз рӯйи иттиҳом (ба дурӯғ гуфтан) қасам надодам ва лекин Ҷабраил ба назди ман омад ва огоҳам кард, ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла бо шумо дар байни фариштагон фахр мекунад
Марди муъмин аз зани муъмин (ҳамсараш) мутанаффир намешавад, зеро агар яке аз хислатҳои ӯ писандаш наояд, аз дигар хислаташ хушаш меояд
Ҳамроҳ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам ва он ҳазрат ба зуболадони қавме рафт ва онҷо истода пешоб кард
Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ намоз мехонд, дастонашро чунон аз ҳам боз нигаҳ медошт, ки сафедии зери бағалҳояш дида мешуд
Беҳтарин диноре, ки инсон харҷ мекунад, динорест, ки барои хонаводааш сарф мекунад, динорест, ки барои василаи нақли худ барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад ва динорест, ки барои дӯстони худ дар роҳи Аллоҳ сарф мекунад
На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ
Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад
Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад
Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст
Дар яке аз ғазваҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) занеро кушташуда пайдо карданд. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) куштани занону кӯдаконро маҳкум карданд
наҳй карданд ва гуфтанд: "Назр некӣ намеоварад, балки ба воситаи он миқдоре аз моли бахил бароварда мешавад
Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?
Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд
Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем
Ҳар кас содиқона шаҳодатро аз Худованд талаб кунад, Худованд ӯро ба мақомҳои шаҳидон мерасонад, ҳатто агар дар бистари худ вафот кунад
Рӯзи қиёмат мардеро меоранд ва дар дӯзах меафкананд. Рудаҳояш берун меоянд, дар атрофи он чарх мезанад, чунон ки хар дар атрофи осиёб чарх мезанад
Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид
Ҳар касе, як муҷоҳидро дар роҳи Худо омода созад (бо мол ё таҷҳизот), гӯё худаш ҷиҳод кардааст. Инчунин ҳар касе, дар вақти ғоиб будани муҷоҳид хонаводаашро сарпарастӣ намояд, гӯё ҷиҳод кардааст
Ҳар ки вузӯ гирад ва вузӯи худро ба хуби анҷом диҳад, пас ба намози ҷумъа ҳозир шавад, ба хутбаи ҷумъа хомӯшона гӯш фаро диҳад, гуноҳони байни он ҷумъа то ҷумъаи қаблӣ ва се рӯзи иловагӣ баъд аз ҷумъа бар он бахшида мешаванд
Оё намехоҳед ба шумо як амали беҳтар аз он чи хоҳиш доред, нишон диҳам? Вақте ки ба бистари хоб рафтед, 33 маротиба тасбеҳ гӯед, 33 маротиба ҳамд гӯед ва 34 маротиба такбир бигӯед. Ин бароятон беҳтар аз хизматгор аст
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд
Ҳар касе савганд ёд кард ва дар савгандаш гуфт: қасам ба Лот ва Уззо, бояд "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд. Ва ҳар кас ба дӯсташ бигӯяд: биё қиморбозӣ кунем, бояд садақа диҳад
Ҳар касе, ки аз номи ман ҳадисе ривоят кунад, дар ҳолате ки гумон меравад он дурӯғ бошад, пас ӯ яке аз ду дурӯғгӯ аст
вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим
Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат ба нафаре аз дӯзахиён, ки камтарин азобро дорад, мегӯяд: Агар тамоми чизҳои рӯи заминро медоштӣ, оё онҳоро барои наҷот ёфтан аз оташ фидя медодӣ? Мегӯяд: Бале
Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем! Худованд мепурсад: Оё шумо розӣ ҳастед? Онҳо мегӯянд: Чаро розӣ набошем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ як аз махлуқоти Худ надодаӣ?
Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вузӯ бигирад ва онро ба хубӣ анҷом диҳад, пас аз вузӯ бархезад ва ду ракъат намоз бо ҳузури дил ва таваҷҷуҳи комил (бо хушуъ ва хузуъ) бихонад, магар ин ки биҳишт бар ӯ воҷиб мегардад
Беҳтарин сафҳои мардон сафҳои аввал ва бадтаринашон сафҳои охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон, сафҳои охир ва бадтаринашон сафҳои аввалашон аст
Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед
Эй Расули Аллоҳ, модари Саъд вафот кард, кадом садақа беҳтар аст? Ӯ гуфт: "Об". Гуфт: Ӯ чоҳе канд ва гуфт: Ин барои модари Саъд аст
аз хӯрдани гӯшти ҳайвонҳои даррандаи нешдор (дандони шикорӣ) ва парандагони чанголдор (гӯштхор) манъ фармуданд
Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад
Ҳар паёмбаре, ки Аллоҳ дар умматони пеш аз ман мабъус кардааст, ёрони мухлис ва асҳобе доштанд, ки ба суннати ӯ амал мекарданд ва ба фармони ӯ пайравӣ менамуданд
Ҳаргоҳ яке аз шумо бародарашро дид, бояд ба ӯ салом диҳад. Агар байни онҳо дарахт, девор ё санг бошад ва баъдтар ӯро бубинад, боз ҳам бояд ба ӯ салом диҳад
Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб
Шабе, ки манро ба осмонҳо бурданд (шаби Исро ва Меъроҷ), Иброҳим (алайҳис-салом)-ро дидам, ки ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, ба умматат аз номи ман салом бирасон ва онҳоро хабар деҳ, ки биҳишт хокаш пок ва обаш ширин аст
Ҳар гоҳ онро (ҳилоли Рамазонро) дидед, рӯза бигиред ва ҳар гоҳ онро (ҳилоли моҳи Шаволро) дидед ифтор кунед. Агар осмон абрнок бошад ва моҳро надидед, 30 рӯзро пурра намоед
Ӯро накуш, агар ӯро бикушӣ ӯ дар ҷойгоҳи ту қарор мегирад, ки қабл аз куштани ӯ доштӣ. Ва ту дар ҷойгоҳи ӯ қарор мегирӣ, қабл аз ин ки он ҷумларо гуфтааст
Имрӯз ин парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худованд ба дастҳои ӯ кушоиш меоварад
Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад
Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)
Ҳар касе дар аввали рӯз ё охири рӯз ба масҷид равад, Худованд барои ӯ дар биҳишт маконе фароҳам месозад, ҳар боре, ки субҳ равад ё дар охири рӯз
Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ
Эй Аллоҳ! Аз заволи неъмат ва дигаргун шудани офиятат, ки ба мо бахшидаӣ ва аз хашму ғазаби ногаҳон ва тамоми хашму ғазабат, ба Ту паноҳ мебарам
Бигӯ!: Парвардигоро маро ҳидоят фармо ва дар роҳи росту мустақим қарор деҳ. Бо зикри ҳидоят, ҳидояти касеро дар назар дошта бош, ки роҳро (бидуни инҳироф) мепаймояд, роҳи росту мустақим, мисли роҳи мустақимест, ки тир мепаймояд
Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир"". Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам
Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам
Мунодӣ нидо мекунад: шумо ҳақ доред, ки шифо ёбед ва ҳаргиз бемор нашавед, ҳақ доред, ки ҳаёт дошта бошед ва ҳаргиз намиред, ҳақ доред, ки ҳамеша ҷавон бимонед ва ҳаргиз пир нашавед, ҳақ доред, ки ҳамеша дар неъмат ва осоиш бошед ва ҳаргиз ғамгину ноумед нашавед
Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд мефармояд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам?
Ҳаргоҳ яке аз шумо вузӯ гирифт ва мӯза ё пояфзоли аз буҷулакҳо боло пӯшид, бо онҳо намоз хонад ва бар онҳо масҳ бикашад ва агар хост онҳоро набарорад, магар дар ҳолати ҷанобат
Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хандидан зиёдаравӣ кунад, (ва даҳонаш боз бимонад) ки даруни даҳонаш намоён шавад, балки ҳангоми хандидан фақат табассум мекард
Ҳаргоҳ яке аз шумо хобе дид, ки он хобро дӯст дорад (яъне хоби хубе дид), бидонад, ки он хоб аз ҷониби Худо аст, бояд Худовандро барои он шукр бигӯяд ва онро ба дигарон нақл намояд. Аммо агар хобе бинад, ки дӯсташ надорад (яъне хоби бад), он хоб аз ҷониби шайтон аст, бояд аз шарри он ба Худованд паноҳ барад ва онро ба касе нақл накунад, зеро он хоб ба ӯ зарар намерасонад
Касе, ки ду духтарро сарпарастӣ кунад, то ин ки ба синни балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд". Ва ангуштонашро бо ҳам часпонд
Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ)
Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)
Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад
Хоби хуб аз ҷониби Аллоҳ аст, хобҳои парешон (ҳулм) аз ҷониби шайтонанд. Агар яке аз шумо хобе дид, ки ӯро ба тарс андохт, се бор ба тарафи чапи худ оби даҳон биандозад (туф кунад) ва аз бадии он ба Худо паноҳ барад, зеро он хоб ба ӯ зиён намерасонад
Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун (тавассути тавба ва пушаймонӣ)
Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам
Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) пурсидам: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақто ки хона медаромад бо чи чиз оғоз мекард? Гуфт: Бо мисвок (яъне дандонҳошро мисвок мекард)
Ҳеҷ бандае (айби) бандаеро дар дунё намепӯшонад, магар ин ки Худованд рӯзи қиёмат (айбҳо ва гуноҳони ) ӯро мепӯшонад
Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод
Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд
Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст
Аз чизҳое, ки баъд аз марги худ бар шумо метарсам, ин аст, ки дарҳои зебоӣ ва зинатҳои дунё ба рӯи шумо кушода шаванд
Ҳар касе дӯст дорад, ки Худованд ӯро аз сахтиҳои рӯзи қиёмат наҷот диҳад, пас бояд ба қарздори тангдаст сабукӣ диҳад ё қарзашро бубахшад
Дар ҳақиқат, сабуктарин (камазобтарин) кас аз аҳли дӯзах он шахс аст, ки барои ӯ ду мӯза ва ду банди мӯза аз оташ мебошанд. Аз гармии он мағзи сари ӯ ҷӯш мезанад, мисли он ки дег меҷӯшад. Бо вуҷуди ин, ӯ гумон мекунад, ки азоби касе аз азоби ӯ сахттар нест, дар ҳоле ки ӯ сабуктарин азобро дар миёни аҳли дӯзах дорад
Дар ҳақиқат, шайтон ноумед шудааст, ки намозгузорон дар Ҷазираи Араб ӯро парастиш кунанд, аммо ӯ (ҳанӯз) ба душманӣ андохтану фитна андохтан миёни онҳо умед мебандад
Ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоз гузоштам, ӯ ҳангоми салом додан ба тарафи рост мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу" ва ба тарафи чап мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр аз паёмбарон ва расулон
Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад
Худованд ба марде, ки бо марде ё бо зан аз роҳи пушт (дар дубур) робитаи ҷинсӣ кунад, нигоҳ намекунад
Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл кунад (яъне миёни онҳо адолат накунад), рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафи баданаш каҷ (ё фалаҷ) аст
агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам
Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд
Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам хӯрдан (лозим) аст
Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ]
Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд
Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст
Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард
Ба дурустӣ, Худованд фаризаҳоро муқаррар намуд, пас онҳоро зоеъ накунед; ва ҳудудҳоро (барои уқубату ҷазо) муайян сохт, пас онҳоро таҷовуз накунед; ва ҳаромҳоро ҳаром гардонид, пас ба онҳо наздик нашавед; ва дар бораи (баъзе) чизҳо бинобар меҳрубонӣ намудан барои шумо на аз рӯйи фаромӯшӣ, сукут (ихтиёр) кард, пас шумо онҳоро ҷустуҷў накунед
Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, аз он дурӣ биҷӯед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед
Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд
Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]
Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст
Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ
Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ]
Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)
Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам
Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад
Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед
Ба дурустӣ, аз ман дар бораи амри бузурге пурсидӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад
Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам хӯрдан (лозим) аст
Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест
Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад
Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад
Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд
Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд
Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст
Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд
Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад
Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!