1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Оё шуморо аз беҳтарин амалҳоятон, поктарин дар назди подшоҳи шумо (Аллоҳи Мутаъол), таъсирноктарин амалатон дар боло бурдани мартабаатон, огоҳ насозам

عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«أَلاَ أُنَبِّئُكُمْ بِخَيْرِ أَعْمَالِكُمْ، وَأَزْكَاهَا عِنْدَ مَلِيكِكُمْ، وَأَرْفَعِهَا فِي دَرَجَاتِكُمْ وَخَيْرٌ لَكُمْ مِنْ إِنْفَاقِ الذَّهَبِ وَالوَرِقِ، وَخَيْرٌ لَكُمْ مِنْ أَنْ تَلْقَوْا عَدُوَّكُمْ فَتَضْرِبُوا أَعْنَاقَهُمْ وَيَضْرِبُوا أَعْنَاقَكُمْ؟» قَالُوا: بَلَى. قَالَ: «ذِكْرُ اللهِ تَعَالَى».

Аз Абудардо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Оё шуморо аз беҳтарин амалҳоятон, поктарин дар назди подшоҳи шумо (Аллоҳи Мутаъол), таъсирноктарин амалатон дар боло бурдани мартабаатон, огоҳ насозам, ки аз инфоқи тилло ва нуқра барои шумо беҳтар ва аз рӯ ба рӯ шудани шумо бо душманатон, ки гардани онҳоро бизанед ва онҳо гардани шуморо бизананд, беҳтар аст?" Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Зикри Аллоҳ Таъоло."

Саҳеҳ رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد Сунани Тирмизӣ - 3377

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асҳобашро пурсид:
Оё мехоҳед шуморо аз беҳтарин, шарафмандтарин, гиромитарин, рушдноктарин, поктарин ва холистарин аъмолатон дар назди Аллоҳи Молик (Азза ва Ҷалла) хабар диҳам?
Ва он амале, ки бештар боиси боло бурдани дараҷоти шумо дар биҳишт хоҳад шуд,
ки бароятон беҳтар аз садақа додани тилло ва нуқра аст?
Ва беҳтар аз он аст, ки бо кофирон рӯ ба рӯ шавед ва гардани ҳамдигарро бизанед?
Саҳоба фармуданд: Оре, мехоҳем.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Зикри Аллоҳ Таъоло дар ҳама вақтҳо ва дар ҳама шароиту ҳолатҳо.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Пайваста зикри Аллоҳ Таъолоро кардан, дар зоҳир ва ботин, аз беҳтарин авомили наздикӣ ба Аллоҳ Таъоло ва судмандтарини он назди ҳақ Таъоло аст.
  2. Ҳамаи аъмол дар воқеъ барои барпо доштани зикри Аллоҳ Таъоло қарор дода шудааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Намозро барои зикри ман барпо дор." Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: Ҳамоно тавофи хонаи Каъба ва (саъй) байни Сафо ва Марва ва рамйи ҷамарот барои барпо доштани зикри Аллоҳ Таъоло қарор дода шудааст. Ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.
  3. Ъизз ибни Абдуссалом дар китоби "Қавоид"-аш гуфтааст: "Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки савоб дар ҳама ибодатҳо бар асоси заҳмат нест, ки шахс бардошт мекунад, балки мумкин аст Аллоҳ Таъоло барои амалҳои андак, бештар аз амалҳои бисёр аҷру савоб диҳад. Бинобар ин подош бар асоси тафовут дар мартаба ва шаъну шараф (и амалҳо), дода мешавад."
  4. Ал-Муновӣ дар китоби "Файзул-қадир" мегӯяд: "Ин ҳадис ба ин маънӣ аст, ки зикр барои касоне, ки мухотаби ин сухан буданд, беҳтарин амал буд. Ва агар шахси шуҷоъ ва диловар мавриди хитоб бошад, ки ҳузури ӯ дар майдони ҷанг ба Ислом суд мерасонад, ба ӯ ҷиҳод пешниҳод карда мешавад. Ва агар сарватманде, ки фақирон аз ӯ суд мебаранд, мавриди хитоб қарор гирад, ба ӯ садақа пешниҳод мешавад. Ва касе, ки тавоноии ҳаҷро дорад, ба ӯ ҳаҷ пешниҳод мешавад. Ва касе, ки падару модараш назди ӯ ҳастанд, некӯкорӣ ба онҳо ба ӯ тавсия дода мешавад. Ин гуна миёни ҳама ҳадисҳо тавофуқ эҷод мешавад."
  5. Комилтарин зикр, ҳамон зикре аст, ки бо нутқи забон ва тадаббур ва тафаккури дил бошад. Сипас он зикре, ки танҳо бо дил бошад, монанди тафаккур ва сипас он чи танҳо бар забон бошад. Ва иншоаллоҳ ҳаммааш подош доранд.
  6. Пойбандии мусалмон ба зикрҳое, ки вобаста ба аҳвол ва вақтҳо ҳастанд, монанди, зикрҳои субҳу шом, зикри ворид шудан ба масҷид ва хона ва дастшӯйи ва баромадан аз онҳо ва дигар зикрҳо, ӯро аз ҷумлаи касоне қарор медиҳад, ки зикри Аллоҳро бисёр мегӯянд.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية