1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَا يَزَالُ البَلاَءُ بِالمُؤْمِنِ وَالمُؤْمِنَةِ فِي نَفْسِهِ وَوَلَدِهِ وَمَالِهِ حَتَّى يَلْقَى اللَّهَ وَمَا عَلَيْهِ خَطِيئَةٌ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад."

Ҳасан رواه الترمذي وأحمد Сунани Тирмизӣ - 2399

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки озмоишҳо ва санҷишҳо аз марду зани муъмин дур намешаванд, чунон ки дар ҷисм, саломатӣ, фарзандон аз беморӣ, вафот ва нофармонии фарзандон озмоиш мешавад. Инчунин дар молу дорои аз фақр, талафоти тиҷорат, дуздӣ, ё тангдастӣ озмоиш мешавад. Ҳамаи ин санҷишҳо барои поксозии гуноҳонаш ҳастанд, то ки вақте назди Аллоҳ мерасад, пурра пок ва бегуноҳ бошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Аз раҳмати Худованд бар бандагони муъминаш ин аст, ки дар дунё бо озмоишҳо ва мушкилиҳо гуноҳони онҳоро мебахшад ва пок мекунад.
  2. Озмоишҳо худ ба худ гуноҳонро мешӯянд, агар шахс муъмин бошад, банда агар дар ин озмоишҳо сабр кунад, ғазаб накунад, аҷру подош мегирад.
  3. Ташвиқ бар сабр дар ҳама ҳолатҳо, дар чизҳое, ки дӯст медорад ва чизҳое, ки барояш писандида нестанд. Амрҳои Худовандро бо сабр анҷом медиҳад ва аз он чи Худованд наҳй кардааст бо сабр дурӣ меҷӯяд. Ҳама ин амалҳоро ба умеди ба даст овардани аҷру подоши Худованд ва тарс аз азобу иқоби Ӯ анҷом медиҳад.
  4. Фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) "мард ва зани муъмин" илова кардани калимаи "зани муъмин" далели таъкиди бештар бар зан мебошад; вагарна агар танҳо "муъмин" гуфта мешуд, занон ҳам дохил мешуданд, зеро ин махсус ба мард нест. Бинобар ин вақто ки озмоиш ба зан мерасад, ӯ низ бо ҳамин подош ва поксозии гуноҳон ва хатогиҳо ваъда дода шудааст.
  5. Он чи сабаб мешавад, ки дарду ранҷҳо ва мусибатҳои пай дар пай барои банда осон бигзарад, фазлу подоше аст, ки дар пайи бало ва озмоишҳо насиби ӯ мешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية