1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар кас як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, Аллоҳ Таъоло рӯйи ӯро ба андозаи масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи дӯзах дур мегардонад

عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَنْ صَامَ يَوْمًا فِي سَبِيلِ اللهِ بَاعَدَ اللهُ وَجْهَهُ عَنِ النَّارِ سَبْعِينَ خَرِيفًا».

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Ҳар кас як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, Аллоҳ Таъоло рӯйи ӯро ба андозаи масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи дӯзах дур мегардонад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1153

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе ба ихлос ва аз рӯйи савоб ва подош як рӯз дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, - дар ҷиҳод ва ғайри он низ гуфта шудааст - Худованд бо фазлу раҳмати Худ ӯро ба масофаи ҳафтод сол аз оташи дӯзах дур мегардонад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Нававӣ мегӯяд: Фазилати рӯза гирифтан дар роҳи Аллоҳ Таъоло. Ин ҳукм барои касест, ки рӯза ба ӯ зарар нарасонад, ҳаққи касеро поймол накунад ва сабаб нашавад, ки ҷангидани ӯ ё дигар корҳои муҳими ҷиҳоди ӯ халал ёбанд.
  2. Ин ҳадис мардумро ба рӯзаи нафлӣ (ихтиёрӣ) ташвиқ ва тарғиб мекунад.
  3. Дар рӯза ихлос ва талаби ризои Аллоҳ Таъоло воҷиб аст. Набояд рӯза барои риё, худнамоӣ ё мақсадҳои дигар гирифта шавад.
  4. Синдӣ гуфтааст: Ибораи (дар роҳи Худо) ду маъно дошта метавонад: яке ин ки мақсад ислоҳи ният бошад, дувумӣ ин ки инсон дар ҳоли ҷанг (ҷиҳод) рӯза гирифта бошад. Ва маънои дуюм ба зеҳн наздиктар аст.
  5. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ибораи (ҳафтод тирамоҳ) — тирамоҳ фасли муайяни сол аст, аммо дар ин ҷо мақсад як сол мебошад. Зикр шудани тирамоҳ, на тобистон, на зимистон ва на баҳор, барои он аст ки тирамоҳ беҳтарин фасл аст, зеро дар он меваҳо ҷамъоварӣ мешаванд.

Намоиши тарҷумаҳо

48 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية