1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Саҳарӣ бихӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст

عن أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«تَسَحَّرُوا، فَإِنَّ فِي السَّحُورِ بَرَكَةً».

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Саҳарӣ бихӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст".

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1923

Шарҳ

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба саҳархӯрӣ ташвиқ мекарданд. Ва саҳархӯрӣ хӯрдани хӯрок дар охири шаб барои омодагӣ ба рӯза доштан аст. Зеро дар он баракат ва аҷру савоби зиёд аст. Ва бархостан дар охири шаб барои дуо ва неру гирифтан барои рӯза ва бо нашот будан барои он ва костан аз сахтии он вуҷуд дорад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Саҳархӯрӣ ва иҷрои фармони шариат барои анҷоми он мустаҳаб аст.
  2. Ибни Ҳаҷар дар Фатҳулборӣ гуфтааст: баракат дар саҳархӯрӣ аз чанд ҷиҳат ба даст меояд: пайравӣ ба суннат, мухолифат бо аҳли китоб, қавӣ шудан барои ибодат, зиёд кардани фаъолият, пешгирӣ аз корҳои баде, ки гуруснагӣ ба вуҷуд меорад, имкон барои садақа додан ба касе, ки пурсад, ё хӯрдан ҳамроҳи ӯ, имкон барои зикр ва дуо дар вақти иҷобати дуо ва расидагӣ ба нияти рӯза барои касоне, ки пеш аз хоб онро фаромӯш кардаанд.
  3. Омузиши неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чунон ки ҳукмро бо ҳикмат пайваст мекард, то дил равшан шавад ва бартарии шариат шинохта шавад.
  4. Ибни Ҳаҷар гуфт: саҳархӯрӣ бо камтарин миқдори хӯрок ва нӯшокӣ низ ҳосил мешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

48 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية