1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Рамазонро бо рӯза гирифтани як ё ду рӯз пеш аз он оғоз накунед, магар он марде, ки одатан ин рӯзҳоро рӯза мегирифт, барои ӯ иҷозат аст рӯза бигирад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا تَقَدَّمُوا رَمَضَانَ بِصَوْمِ يَوْمٍ وَلَا يَوْمَيْنِ إِلَّا رَجُلٌ كَانَ يَصُومُ صَوْمًا فَلْيَصُمْهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Рамазонро бо рӯза гирифтани як ё ду рӯз пеш аз он оғоз накунед, магар он марде, ки одатан ин рӯзҳоро рӯза мегирифт, барои ӯ иҷозат аст рӯза бигирад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1082

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин ки мусалмоне як ё ду рӯз пеш аз Рамазон ба нияти эҳтиёт рӯза бигирад, наҳй кардааст. Зеро фарзияти рӯзаи Рамазон бар дидани моҳи нав вобаста аст ва ниёзе ба зиёдаравии бемаврид нест. Магар касе, ки одатан рӯза мегирифт, мисли як рӯз рӯза гирифтан ва як рӯз ифтор кардан, ё рӯзаи душанбе ва панҷшанбе ва рӯзаи ӯ ба ин рӯз мувофиқ афтода бошад, дар ин ҳолат рӯза гирифтан барои ӯ иҷозат аст. Ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ аз боби истиқбол аз Рамазон нест. Инчунин рӯзаҳои воҷиб, монанди қазоӣ ва назр ба он истисно дохил мешаванд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Наҳй аз сахтгирӣ ва воҷиб будани пойбандӣ ба ибодат ҳамон тавре ки шариат таъин кардааст, бе зиёдатӣ ё камӣ.
  2. Аз ҳикматҳои ин амал — Худованд беҳтар медонад — фарқ гузоштан байни фарзҳо ва нафлҳо, омодагӣ ба Рамазон бо фаъолият ва иштиёқ, то ин ки рӯза нишонаи он моҳи муборак ва хусусияти фарқкунандаи он моҳи бофазилат бошад.

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية