1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Дар рӯзи ид ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) будам, ки гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯза гирифтани ин ду рӯз наҳй карданд: Рӯзи Иди Фитр, ки баъди рамазон аст ва рӯзи Иди Қурбон, ки аз гушти қурбониҳоятон мехуред

عَنْ أَبِي عُبَيْدٍ، مَوْلَى ابْنِ أَزْهَرَ، قَالَ:
شَهِدْتُ العِيدَ مَعَ عُمَرَ بْنِ الخَطَّابِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، فَقَالَ: هَذَانِ يَوْمَانِ نَهَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنْ صِيَامِهِمَا: يَوْمُ فِطْرِكُمْ مِنْ صِيَامِكُمْ، وَاليَوْمُ الآخَرُ تَأْكُلُونَ فِيهِ مِنْ نُسُكِكُمْ.

Аз Абуубайд Мавлои ибни Азҳар ривоят аст, ки гуфт:
Дар рӯзи ид ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) будам, ки гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯза гирифтани ин ду рӯз наҳй карданд: Рӯзи Иди Фитр, ки баъди рамазон аст ва рӯзи Иди Қурбон, ки аз гушти қурбониҳоятон мехуред.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1990

Шарҳ

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Иди Фитр ва Иди Қурбон рӯза гирифтанро манъ карданд. Рӯзи Иди Фитр, рӯзест пас аз рӯзаи моҳи Рамазон. Ва рӯзи Иди Қурбон, рӯзест барои хӯрдани қурбониҳо.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Рӯза гирифтан дар рӯзи Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои Ташриқ ҳаром аст, зеро онҳо тобеӣ рӯзи Иди Қурбон мебошанд, магар барои касе, ки (дар ҳаҷ) қурбонӣ наёфта бошад, барояш рӯза гирифтани рӯзҳои Ташриқ ҷоиз аст.
  2. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: гуфта шудааст: фоидаи тавсифи ин ду рӯз, ишора ба сабаби воҷиб будани ифтор дар онҳост, он нишонаи ҷудо шудан аз рӯза ва изҳори поёни он ба ифтори баъд аз он аст. Ифтори баъдӣ барои қурбонӣ аст, ки бо забҳи он ба Худованд наздикӣ ҷуста мешавад, ки он хӯрдан аз гушти қурбони аст.
  3. Барои хатиб мустаҳаб аст, ки дар хутбааш ҳукмҳои марбут ба вақтро зикр намуда мавридҳои муносибро дар назар гирад.
  4. Машруияти хӯрдан аз гушти қурбонӣ.

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية