1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ رضي الله عنهما أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَدْعُو بِهَؤُلَاءِ الْكَلِمَاتِ:
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ غَلَبَةِ الدَّيْنِ، وَغَلَبَةِ الْعَدُوِّ، وَشَمَاتَةِ الْأَعْدَاءِ».

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд:
"Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам."

Саҳеҳ رواه النسائي وأحمد Сунани Насоӣ - 5475

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин чизҳо ба Аллоҳ паноҳ бурдааст:
Якум: (Худоё, ман ба Ту паноҳ меорам) яъне, ба Ту рӯй меорам ва аз Ту ёрӣ металабам, на аз ғайри Ту, (аз афзоиши қарз), аз он ки қарз бар ман зиёд гардад ва бо ғаму ташвиши он сахтӣ кашам. Инчунин аз ту мадад мехоҳам, то дар пардохти қарзам маро кумак кунӣ.
Дуюм: (Ва аз ғалабаи душман), аз он ки душман бар ман ғолиб шавад, маро мағлуб созад ё зулму ситам кунад. Ва ман аз ту хоҳони дифоъ ва ёрӣ бар ӯ ҳастам, то офаташро боздорӣ ва бароям пирӯзӣ ато кунӣ.
Сеюм: (Ва аз шодии душманон), паноҳ мебарам ба Ту, эй Парвардигор, аз он ки душманон аз бадбахтӣ, мусибат ё озоре, ки ба ман ё ба мусалмонон мерасад, хушҳол ва шод гарданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқ ба паноҳ бурдан ба Аллоҳ Таъоло аз ҳар чизе, ки инсонро аз итоат дур мекунад ва сабаби ғаму андуҳ мегардад, мисли қарз ва ғайра.
  2. Худи қарз гирифтан мамнуъ нест, вале ишкол дар мавриди касе аст, ки дар баргардонидани қарз вафо карда наметавонад. Ин қарзе аст, ки бар инсон ғолиб мегардад ва "қарзи ғолиб" номида мешавад.
  3. Бояд инсон худро аз ҳолатҳое дур дорад, ки сабаби масхара ва шодии дигарон гардад.
  4. Баёни душмании кофирон бо муъминон ва хушҳол шуданашон дар бадбахтиҳо ва мусибатҳои мусалмонон.
  5. Изҳори шодии душманон аз мусибате, ки ба инсон расидааст, аз худи он мусибат барои инсон сахттар аст.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية