1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لَا تَبْدَؤوا الْيَهُودَ وَلَا النَّصَارَى بِالسَّلَامِ، فَإِذَا لَقِيتُمْ أَحَدَهُمْ فِي طَرِيقٍ فَاضْطَرُّوهُ إِلَى أَضْيَقِهِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2167

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин ки оғозгари салом бар яҳуду насрониҳо бошем, манъ кардааст. Ҳатто агар онҳо зимӣ (яъне зери ҳимояи Ислом) бошанд, чи расад ба дигар кофирон. Ӯ барои мо баён карданд, ки агар яке аз онҳоро дар роҳ дидем, бояд онҳоро ба қисмати тангтарини роҳ маҷбур гузаронем. Зеро муъмин дар байни роҳ, роҳ меравад ва кофир бояд канор биравад. Мусалмон, набояд дар ҳеҷ ҳолате залил бошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба яҳудиён, насрониҳо ва дигар кофирон, аввал салом кунад.
  2. Аммо агар онҳо аввал салом кунанд, иҷозат дода шудааст, ки бо ҷумлаи "ва алайкум" посух дода шаванд.
  3. Барои мусалмон ҷоиз нест, ки бо мақсади зарар расонидан ба кофир роҳро барояш танг кунад, яъне бе ҳоҷат ӯро ба рафтан дар роҳи танг маҷбур созад. Аммо агар роҳ танг ё серодам бошад, ҳаққи роҳ ба мусалмон аст ва кофир бояд аз роҳ канорагирӣ кунад.
  4. Нишон додани иззати мусалмонон ва кучак ҳисобидани ғайри онҳо, бидуни зулм ё суханони ноҷо.
  5. Сабаби танг кардани роҳ бар кофирон, куфр ва зиддияташон бар Аллоҳ Таъоло аст. Шояд аз донистани ин сабаб онҳо мусалмон шаванд ва аз оташ наҷот ёбанд.
  6. Мусалмон метавонад ба кофир дар ибтидо бигӯяд: Чи ҳол дорӣ, чӣ гуна субҳ намудӣ? Чӣ гуна рӯзро бегоҳ кардӣ? Ба монанди инҳо, агар зарурат бошад, зеро манъ аз оғоз кардани салом, ба маънои салом гуфтан аст.
  7. Тайибӣ гуфтааст: Беҳтар ин аст, ки барои мубтадиъ оғозгари салом набошед, агар шахсе ба касе, ки намешиносад салом диҳад, сипас фаҳмида шавад, ки ӯ зимӣ ё мубтадиъ аст, бояд барои таҳқири ӯ бигӯяд: Саломамро пас гирифтам.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية