1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад

عَنِ الحُسَينِ بنِ عَلِيٍّ بنِ أَبِي طَالِبٍ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«الْبَخِيلُ مَنْ ذُكِرْتُ عِنْدَهُ فَلَمْ يُصَلِّ عَلَيَّ».

Аз Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад."

Саҳеҳ رواه الترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد Сунани кубро, Насоӣ - 8046

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарки дуруд (салавот) фиристодан бар ӯ дар ҳолате, ки номи муборак, куния, ё зикри ӯ шунида шавад ҳушдор доданд. Фармудаанд: Бахил касест, ки ман назди ӯ ёд шавам ва бар ман дуруд нафиристад. Бинобар умури зерин:
Аввал: Бахилӣ (хасисӣ) дар чизест, ки на камтарин зиёнеро меорад, на талафи моле дорад ва на ягон кӯшиши ҷисмонӣ мехоҳад (яъне, салавот фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)).
Дуюм: Ӯ ба худ бахилӣ карда ва худро аз аҷри дуруд фиристодан бар Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳрум сохтааст, зеро бо тарки салавот, аз иҷрои ҳаққе, ки бояд анҷом диҳад, худдорӣ кард, ки Худо амр кардааст ва дар он аҷру савоб ҳаст.
Сеюм: Салавот фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) адои бархе аз ҳуқуқи ӯст, зеро ӯ моро таълим додааст, роҳнамоӣ кардааст ва моро ба сӯи Худо даъват кардааст. Ӯ барои мо ваҳй ва шариатро овардааст ва пас аз Худованд ӯ сабаби ҳидоят ёфтани мо аст. Касе, ки бар ӯ салавот намефиристад, ба худ ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахилӣ кардааст. Чунин шахс нисбат ба Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ҳаққе бахилӣ кардааст, ки аз камтарин ҳуқуқи ӯ аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тарки салавот бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишонаи бахилӣ аст.
  2. Салавот фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) яке аз беҳтарин тоатҳо ва ибодатҳо дар ҳама вақтҳо аст ва ҳангоми зикр кардани номашон бештар таъкид мешавад.
  3. Нававӣ гуфтааст: Ҳангоме ки бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) салавот мефиристад, бояд дуруд ва саломро бо ҳам бигӯяд ва ба яке аз онҳо иктифо накунад. Яъне, (саллаллоҳу алайҳи) ё (алайҳис-салом) нагӯяд (Балки бигӯяд: Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
  4. Абулъолия дар тафсири ин оят: (إن الله وملائكته يصلون على النبي) гуфтааст: Дуруди Худованд бар Паёмбараш, сано ва ситоиш бар ӯст ва салоти фариштагон ва инсонҳо дуо кардан барои ӯ мебошад.
  5. Ҳалимӣ гуфт: Маънои дуои (Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин) ин аст, ки Худоё ӯро дар дунё бо баланд бардоштани ёдаш, ошкор кардани динаш ва боқи мондани шариаташ бузург созад. Дар охират бо шафоаташ барои умматаш, подош ва савоби фаровон ва ошкор кардани бартарияти ӯ барои пешиниён ва ояндагон дар мақоми маҳмуд ва муқаддам доштани ӯ бар ҳама муқаррабони ҳозир бузург бидор.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية