1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам сафар кунад

عن أبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا يَحِلُّ لِامْرَأَةٍ مُسْلِمَةٍ تُسَافِرُ مَسِيرَةَ لَيْلَةٍ إِلَّا وَمَعَهَا رَجُلٌ ذُو حُرْمَةٍ مِنْهَا».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам сафар кунад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1339

Шарҳ

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам (яке аз мардони маҳоримаш) сафар кунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Сафари зан бе маҳрам ҷоиз нест. Ин ҳукм мавриди иттифоқ аст, магар дар сафари ҳаҷ ва умра ва баромадан аз дори ширк. Ва касоне (аз олимон) ҳастанд, ки вуҷуди маҳрамро аз шартҳои ҳаҷ қарор додаанд.
  2. Камоли шариат ва аҳамият додани он бар муҳофизат ва ҳимоят аз занон.
  3. Имон ба Худо ва рӯзи қиёмат талаб мекунад, ки инсон ба шариат ва ҳудудҳои он пойбанд бошад.
  4. Маҳрами зан, шавҳар ё касе, ки бар асари хешовандӣ, ширхорагӣ ё пайванди сабабӣ (издивоҷ) бар ӯ ҳароми доими шуда бошад, аст. (Маҳрам) бояд мусалмон, болиғ, оқил, боэътимод ва боваринок (амин) бошад, зеро мақсад аз маҳрам ҳимоят ва муҳофизати зан, нигоҳдорӣ аз ӯ ва расидагӣ ба эҳтиёҷоташ аст.
  5. Байҳақӣ дар бораи ривоятҳои воридшуда дар мавриди муддати сафаре, ки зан ҷуз бо маҳрам наметавонад сафар кунад, чунин гуфтааст: Хулоса ин аст, ки ҳар он чи сафар номида мешавад, зан аз анҷом додани он бидуни шавҳар ё маҳрам манъ шудааст, хоҳ се рӯз бошад ё ду рӯз ё як рӯз ё як масофаи муайян ё ғайри он бошад. Ба далели ривояти мутлақи Ибни Аббос, ки охирин ривоятҳои пешини Муслим аст: "Ҳеҷ зане бе маҳрам сафар накунад", ки ин ҳама намуди сафарро дар бар мегирад. Ва ин ҳадис (ки муддатро муайян кардааст) мувофиқи ҳолат ва маҳалли зиндагии суолкунанда будааст.

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية